Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон», «Дави миллӣ» ва «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон» бахшида ба Соли ҷавонон
ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 майи соли 2017 «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» ва аз 12 майи соли равон дар бораи эълон ва баргузор намудани «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба тасвиб расиданд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр намуданд, ки тибқи қарорҳои мазкур мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» 20 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00 , «Дави миллӣ» 21 майи соли 2017, аз соати 8:00 то 11:00 ва аз 15 то 22 майи соли 2017 «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда мешаванд.
Бо қарори дахлдор нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар ин мусобиқаҳо таъмин намоянд.
Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида маросими расмии кушодашавии «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» 15 майи соли 2017, соати 14:00 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ва маросими пӯшидашавии он 20 майи соли 2017, соати 16:00 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» -и шаҳри Душанбе доир мегардад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






