Мусобиқаи варзишӣ ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Афғонистон
ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли 2017 аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамкории Кумитаи варзишии муҷтамаъи ҷомеаи маданӣ ва мудирияти варзиши вилояти Бадахшони Афғонистон дар шаҳри Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон байни наврасон мусобиқаи варзишӣ оид ба каратэ баргузор гардид. Дар мусобиқа 100 нафар иштирок карданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа барои шиносоии мардуми ҳавзаи консулӣ бо ҷашнҳои миллии мазкур намояндаи консулӣ сухан гуфт.
Мусобиқа дар ВАО ба таври васеъ бозтоб ёфт. Ҳамзамон ба ТВ «Тулӯъ» ва радиои «Ому» низ дар ин маврид иттилоъ дода шуд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби муассисаи консулӣ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






