Норак: даъвати ҷавонон ба илмомӯзию созандагӣ
НОРАК, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Норак бо иштироки сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Шерхонов, мудирони бахшу шуъбаҳои шаҳр ва фаъолону ҷавонони шаҳр бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла муқовимат ба савдои одамон миёни наврасону ҷавонон вохӯрии судманд доир гардид.
Масъулин доир ба масъалаҳои пешгирии хариду фурӯши одамон, аз ҷумла кӯдакон дар ҷумҳурӣ, экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, инчунин ҷонибдорӣ аз Соли ҷавонон сухан гуфта, ҷавононро ба илмомӯзию ватандӯстӣ ва созандагию ободкорӣ даъват карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






