Ғолибони Дави миллӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазору 300 нафар ҷавонону наврасон ва сину соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ маросими ифтитоҳи дави миллӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Яке аз иштирокдорони ҷамъомади мазкур, ки сину солаш аз 80 болост, иброз дошт, ки: «ман аз оғози роҳҳандозӣ гардидани Рӯзи дави миллӣ дар Ҷумҳурии Т оҷикистон, яъне аз соли 2007 инҷониб дар он иштирок мекунам, зеро варзиш ин гарави саломатӣ ва обутоби ҷисми инсон мебошад. Ҳамасола роҳандозӣ шудани ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ имкон медиҳад, ки аҳолии мамлакат ба таври дастаҷаъмона дар он иштирок намуда, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мамлакат саҳмгузор бошанд.
Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардид ва иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат намуданд.
Дар анҷом мақоми аввалро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Меҳрубон Шамсиддинов, мақоми дуюм ва сеюмро донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов, Меҳроб Одинаев ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов, Ғайрат Олимов сазовор гардида, бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рўзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил карда мешавад.
































Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






