Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синоро кӣ ба даст овард?

Май 12, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳияи Сино баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мусобиқаи мазкурро Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 доир намуд.

Дар  маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода варзишгаронро бо Соли ҷавонон табрик намуда, зикр кард, ки  «бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати  хирадмандонаву бобарори Пешвои миллат бонувон  дар ҳамаи бахшҳои шохаҳои ҳокимият  фаъолият доранд.  Мусобиқаи варзишии имрӯза низ бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонии онҳо  равона гардида, ҳадафи он оммавӣ гардонидани варзиш байни ҷавондухтарон мебошад».

Мусобиқа  бо иштироки дастаҳои духтаронаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ оғоз гардид.

Ҳамин тариқ байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ мақоми аввалро дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ҷойи дуюмро дастаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, дастаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ҷои сеюмро Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ишғол карданд.

Байни донишҷӯдухтарони коллеҷҳо ҷойи якумро дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва мақоми дуюмро дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба даст оварданд.

Дар байни хонандагони литсейҳо ҷойи якумро дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат, зинаи дуюмро дастаи Литсей-интернати махсуси маъбон ва мақоми сеюмро дастаи Литсеи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  сазовор гардиданд.

Тавре муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино изҳор намуд, ба ғолибони мусобиқа дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

 

 

Май 12, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд