Ҷонибдории пешниҳодҳои Президент аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба бозхонд ва интихоби судяҳо

Май 18, 2017 14:53

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  18 май дар Душанбе доир гардид, пешниҳодҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардиданд.

Бо пешниҳодҳои  Президенти  кишвар ва  қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода аз вазифаи  муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муҳаммадсаид Шоҳиён аз вазифаи муовини  раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Абдуллозода аз вазифаи  судяи Суди конститутсионӣ,  Ховар Назарзода, Раҳмоналӣ Исмоилзода ва Исмоил Раҳимзода аз вазифаҳои судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардиданд. Инчунин дар асоси пешниҳодҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ Зокирҷон Аминзода  муовини раиси Суди  Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Абдуллозода судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Зафар Азиззода судяи Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамзамон  Сӯҳроб Саид, Ҷалолиддин Азизӣ, Мансур Қаландарзода ва Нурулло Нуриддинӣ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

 

Май 18, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид