Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои ғуборолуд дар назар аст

Май 29, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз  30 то 31 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои ғуборолуд дар назар аст.

Тавре ки аз  Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳавои ғуборолуд тайи ду рӯз идома ёфта,  он аз минтақаи ғарбии Россия дохил шуда, якбора боиси ноустувор гаштани ҳаво мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мегардад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, 30 май  дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок  шуда, борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар ғарби вилоят  боридани борони шиддатнок   дар назар дошта шуда, ҳаво  шабона  9-14  ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 0-5   ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ  ҳавои   тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок борида, раъду барқ ва  чангу ғубор ба амал меояд.   Ҳарорати ҳаво   шабона  21-26  ва рӯзона  29-34  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок  шуда,  борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок шуда, раъду барқ     ба амал меояд. Дар водиҳо ҳаво  шабона 19-24    ва рӯзона 26-31  дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда,   боридани борон,  раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19-24   ва рӯзона 26-31  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда  шуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 19-21  ва рӯзона 27-29  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Май 29, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид