Имрӯз-Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо: 18 май даромад ба осорхонаҳо ройгон аст

Май 18, 2017 08:04

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ 18 майи соли равон баргузории «Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо» ва дар ҳамбастагӣ бо МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузории барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст.

18 май дар тамоми осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ барои тамошобинон ба таври ройгон тамошо ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон 18 май дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мешавад.

-18 май даромад ба осорхонаҳо ройгон мешаванд (1) -18 май даромад ба осорхонаҳо ройгон мешаванд -18 май даромад ба осорхонаҳо ройгон мешаванд (2)

 

Май 18, 2017 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст