Сӯҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Май 5, 2017 19:43

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчунин ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли он мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин робита ҷонибҳо дар мавзӯи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомию техникӣ, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешаванд. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд.

Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд.

Раисҷумҳури Афғонистон дар навбати худ барои дастгирии доимии амниятиву иқтисодии Тоҷикистон аз Афғонистон  изҳори миннатдорӣ намуда, сипоси амиқи худро бахусус ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар хотимаи сӯҳбат Ҷалолатмаоб Ашраф Ғанӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Афғонистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мӯҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

Гуфтугуи телефонӣ дар фазои самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Май 5, 2017 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон