«Шаҳри бостонии Миси Айнак» нашр шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳри бостонии Миси Айнак»-таҳти чунин унвон китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз чоп баромад.
Он маҳсули ковишҳои сесолаи (2012-2015) муаллиф дар бостоншаҳри Миси Айнаки Афғонистон мебошад. Дар ҳафриёти ин ёдгорӣ як ҳайати калони байналмилалии бостоншиносони Тоҷикистон, Афғонистон, Аврупо, Амрико ва баъзе кишварҳои дигар иштирок доштанд. Д.Довудӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони афғон се соҳаи бостониро ҳафриёт намуда, шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, раҳоишӣ, анборҳо, устохонаҳо, кӯчаву долонҳо, зарфҳои сафолӣ, асбобҳои ороишӣ, маснуоти биринҷӣ, ҳайкалчаҳои эзадони зардуштӣ, деворнигораҳо ва осори дигарро кашф ва таҳқиқ намуда, дар ин китоб дарҷ намудааст. Як боби китоб ба дайри буддоие бахшида шудааст, ки онро муаллиф кашф кардааст ва дар он як ҳовани сангии гулкоришуда ва боқимондаҳои 27 муҷассамаи гилии Буддо ва ёрону пайравони ӯро пайдо кардааст. Дар асоси таҳқиқи маъбади бузурги оташ дар Теппаи Шоҳи Миси Айнак, ибодатгоҳҳои хурди маҳаллавӣ ва ҳайкалчаҳои эзадон муаллиф исбот кардааст, ки дар ин шаҳри бостонӣ дар баробари дини буддоӣ дини зардуштӣ низ паҳн гашта буд. Муаллиф дар Кӯҳи Айнак 31 сумчи маъданканҳои қадимро кашф карда, исбот кардааст, ки сабаби асосии дар ин мавзеъ пайдо шудани шаҳр кони мис ва истихроҷи он буд. Ӯ ҳамроҳи Фаррух Сафоев, корманди калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор сиккаи кушонӣ, пайравонаи кушонӣ, сосонӣ, сосонӣ-кушонӣ ва яфталии дар Миси Айнак ёфтшударо таҳқиқ карда, дар асри I п.м. пайдо шудани шаҳр ва то миёнаи а. VII м. вуҷуд доштани онро исбот кардааст. Китоб намунаи барҷастаи ҳамкории бостоншиносони ду кишвари ҳамсояи ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






