Шашмақомро бояд чун осори гаронбаҳои мусиқии миллӣ ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем

Май 12, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Шашмақом дирӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва алоқомандони ин шоҳасари мусиқӣ таҷлил карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд: «Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд. Мо бояд Шашмақомро чун осори гаронбаҳои мусиқии миллӣ ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем».

Ҳамчунин раиси вилоят иброз намуд, ки Шашмақом аслан мусиқии классикии тоҷикон буда, таҷассумгари тафаккури баланди мардуми мо мебошад. «Оҳангҳои Шашмақом на танҳо ба кас кайфияту ҳаловат, осоишу роҳат мебахшанд, балки дари мӯъҷизаи худро барояшон боз намуда, одамонро ба олами ирфонӣ раҳнамун месозанд. Агар ин намуди ҳунарро мӯъҷиза донем, пас, мутрибу эҷодгари онро месазад, ки муъҷизаофар ном барем».

Роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и вилояти Хатлон Амриддин Кабиров зикр намуд, ки «имрӯз ба сафи устодони пуртаҷрибаи ин жанри классикӣ ҷавонони зиёди соҳибистеъдод ворид шуда, завқу салиқаи баланд нишон медиҳанд ва бо ин собит менамоянд, ки минбаъд низ ин санъати волои ниёгони шарафманди мо рушду такомул хоҳад ёфт. Моро мебояд чунин ҷавонони ҳунармандро дастгирӣ намуда, ба афзоиши сафи онҳо мусоидат кунем».

Дар охир, ҳунармандони ансамбли «Шашмақом»-и вилоят барномаи ҳунарии  худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин санъати мусиқӣ таърихи хеле тӯлонӣ дошта, дар ҳаёти фарҳангию маънавии миллати мо нақши бузург дорад. Давоми садсолаҳо дар замири миллати фарҳангдӯсти тоҷик мақомҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ», яъне шаш мақом ҷой гирифта, кас бо шунидани садои ҳунармандони хушилҳон ва оҳангҳои дилнавози Шашмақом ба осоиши рӯҳию маънавӣ мерасад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Ин мусиқии қадимиву суннатии миллати тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми давлатӣ гирифт. 12 майи соли 2000 аз тарафи Сарвари давлат барои ҳифзу гиромидошти «Шашмақом» Фармон «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ҳадафи он эҳё, рушд ва дастрасии кулли мардуми тоҷик ба мероси мусиқии классикии Шашмақом ва тарбияи мардум дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ унвон мешавад.

Ҳамчунин бо ташаббуси Пешвои миллат шоҳкории мусиқии миллии мо – Шашмақом ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

 

Май 12, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад