Шиносоии намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо талаботи асосии Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP)

Май 30, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо талаботи асосии Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP Customer Security Programm), ки бо мақсади пешгирии амалиёти қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таҳия гардидааст, шинос гардиданд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз, 29 май дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ва директори Ҷамъияти SWIFT оид ба Россия, давлатҳои ИДМ ва Муғулистон Матвей Геринг, коршиносони Ҷамъияти SWIFT ва ташкилотҳои қарзӣ, аъзои Ҷамъияти SWIFT дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Барномаи амнияти иттилоотии истифодабаранда (CSP)» баргузор шуд.
Чуноне дар муаррифии барнома аз ҷониби коршиносони SWIFT Павел Прокудин, Ҷамбул Тологанов ва Светлана Левина баён гардид, Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP) аз 27 тадбири амниятӣ иборат буда, иҷрои талаботи Барномаи CSP барои ҳар як иштирокчии низоми SWIFT то охири соли 2017 ҳатмӣ мебошад.
Пас аз вохӯрии мазкур мутахассисони Ҷамъияти SWIFT ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба талаботи техникӣ ва барномавии «Гузариш ба SWIFT 7.2» маълумот пешниҳод карданд.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 ҳамчун нахустин истифодабарандаи узви SWIFT дар Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2002 дар Бонки миллии Тоҷикистон Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT таъсис дода шудааст. Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и БМТ барои ба шабакаи SWIFT ҳамроҳ гардидани бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ шароит муҳайё намуда, мақсади асосии ташкили он, пеш аз ҳама, кам кардани хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ, таъмини амнияти иттилоотии марказонидашуда ва ҷой додани пойгоҳи додаҳо дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар айни замон тавассути Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и Бонки миллии Тоҷикистон 25 ташкилоти қарзӣ ба шабакаи SWIFT пайваст мебошанд.

Май 30, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст