Собиқадорон неруи тарбиятгар ва мактаби таҷриба дар раванди камолоти насли ҷавони милитсия мебошанд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти генерал-майори мустаъфии милитсия Абдуманон Ғозиев ва полковники мустаъфии милитсия Шариф Умаров бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Тавре аз Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров Илҳом Қосимзода таъкид дошт, ки барои расидани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ба пояи имрӯзааш собиқ кормандони мақомот хизмати арзанда намудаанд. Марҳила ба марҳила ташаккулёбии мақомоти милитсия ва ҳамчун як ниҳоди бонуфуз мавқеъ пайдо кардан натиҷаи заҳмату талошҳои собиқадорони соҳа мебошад.
Зикр шуд, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун неруи тарбиятгар ва мактаби таҷриба дар раванди камолоти насли ҷавони милитсия ҳамеша ҳиссагузор мебошанд.
Собиқадорон насли ҷавонро ба дӯстдории Ватан, содиқ мондан ба касб ва иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






