Сокинони деҳаи Ғудараи ноҳияи Рӯшон пурра бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд
РӮШОН, 04.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Сокинони деҳаи Ғудараи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки бар асари зилзилаи фасли тобистони соли гузашта аз хонаҳои истиқоматии худ маҳрум шуданд, на танҳо бо манзилҳои замонавӣ таъмин гаштанд, балки ба оби пок низ дастрасӣ пайдо намуданд. Зеро аз рӯзи кӯчбандӣ ба ин деҳа онҳо аз оби дарёи кӯҳӣ истифода мебурданд, ки дар рӯзҳои обхезӣ комилан лойолуд мегардид. Барои раҳоӣ аз ин мушкилот ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон бо ҷудо кардани қариб 250 ҳазор сомонӣ дар масофаи зиёда аз се километр қубури обгузарро васл намуда, ба ин деҳа оби тоза оварданд. Акнун сокинони деҳа дар пеши хонаашон аз оби софи чашма баҳра мебаранд.
Яке аз сокинони деҳа Бекмурод Ақназаров бо изҳори миннатдорӣ аз ҳукумати кишвар гуфт, ки «об ободонӣ аст ва бидуни об на инсон зиндагӣ карда метавонад ва на мавҷудоти дигари табиат. Мо имрӯз хеле хушҳол ҳастем, ки ҳамаи сокинони деҳа аз оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар гузашта бо як азобу машаққат ба сари шохобҳои кӯҳӣ рафта, қариб як соат вақти худро масраф мекардем. Ҳоло ин мушкили мо комилан осон шуд».
Ёдовар мешавем, ки як соли пеш дар натиҷаи зилзила қариб 80 манзили сокинони ин деҳа хароб гардид ва ҳукумати кишвар онҳоро ба маркази ноҳияи Рӯшон кӯчонид. Пас аз бунёди хонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти ёрирасон онҳо дубора ба деҳаи худ баргаштанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






