Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико

Май 21, 2017 23:07

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим,
Аълоҳазрат, Подшоҳи муҳтарами Мамлакати Арабистони Саудӣ,
Муҳтарам Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,
Ҷанобони Олӣ — роҳбарони  кишварҳо ва  ҳукуматҳо,
Ҳозирини гиромӣ,

Нахуст, ба созмондиҳандагони чорабинии имрӯза барои меҳмоннавозии олӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ самимона миннатдорӣ   баён менамоям.

Моро ба ин ҷо зарурати баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳое  ҷамъ овардааст, ки  боиси нигаронии амиқи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.

Маълум аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи  рушди устувор  дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад.

Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Чунин воқеият моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии он бошем.

Тайи 25 соли охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилалӣ баргузор гардида, эъломияҳои зиёде  қабул гардиданд, ки то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.

Ба назари мо, истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои  ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад.

Бар асари  мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар  қарор гирифтаанд.

Дар натиҷа терроризм ва ифротгароӣ  ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд.

Ин таҳдидҳо хатари аз байн рафтани кишварҳоро ба миён оварда, боиси ҳалокати  садҳо ҳазор нафар одамон ва харобиву хисороти бемисл гардидаанд.

Ҳамчунин, мавриди нигаронист, ки дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии   дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарзоро касб кардааст.

Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд.

Дар иртибот ба ин, ман борҳо изҳор доштаам ва боз ҳам таъкид карданиам, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад.

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мардуми Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр ва ҷомеаи мутамаддин рӯзҳои вазнини ноамниро   пушти сар кард.

Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ кишвари мо бо падидаи густурдаи зӯровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгароиву террористӣ маншаъ мегирифтанд, рӯ ба рӯ шуд.

Дар натиҷаи ҷанги хунини таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва  гуреза шуданд.

Бо такя ба имконоти фарҳангу тамаддуни хеш  мо  тавонистем, ки заминаи муколамаи васеи миллиро ташаккул диҳем ва ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намоем.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон  бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом  сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа  қарор нахоҳанд гирифт.

Дар заминаи таҷрибаи сулҳовари худ мо ҷонибдории қотеонаи худро аз усули ҳалли осоиштаи зиддияту низоъҳои даврони муосир дар доираи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофгардидаи байналмилалӣ таъкид менамоем.

Ҷанобони Олӣ,

Таҳти таъсири ноамниҳои имрӯза, аз ҷумла дар кишварҳои алоҳидаи Ховари Миёна таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш  доранд.

Маълум аст, ки суботу амнияти Осиёи Марказӣ  бо вазъияти Афғонистон вобастагии мустақим дорад.

Тоҷикистон кӯшишҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Афғонистони ҳамҷаворро дар ҷодаи истиқрори сулҳу субот пуштибонӣ менамояд.

Мо омодаем, ки дар ин раванд минбаъд низ ба андозаи имкон саҳми  худро гузорем.

Қочоқи маводи мухаддир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои таъмини молиявии терроризму хушунат мушкили дигарест, ки имрӯз боиси нигаронии амиқи минтақа ва ҷаҳон гардидааст.

Тоҷикистон дар мубориза бо ин вабои аср  бо истифода аз имкониятҳои худ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ  пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин самт ҳамкории васеи байналмилалӣ ҳамоно тақозои рӯз аст.

Имкониятҳои фанновариҳои муосир имрӯз барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд.

Истифодаи васеи  Интернет бо мақсадҳои ғаразноки таблиғи ғояҳои ифротиву тундгароёна ҷиддан тақозо менамояд, ки мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо низ дар ҳамбастагӣ сурат гирад.

Ҳозирини гиромӣ,

Мо чунин мешуморем, ки пешрафти матлуб дар соҳаи мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир аз иқдомоти муштараку ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад.

Зимнан, ин раванд бояд маҷмӯӣ ва фарогир бо нақши меҳварию ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардад.

Асоси талошҳои муштараки моро дар ин ҷода Стратегияи глобалии  мубориза бо терроризм ва дигар санадҳои дахлдори Созмони Милал ташкил медиҳанд.

Татбиқи пайгиронаи ин аснод дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ  ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми башарият мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки  пирӯзӣ бар терроризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд муайян ва  пурра омӯхта шаванд.

Бекорӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари омилҳои алоҳидаи рӯҳиву маънавӣ ба зуҳури тундгароӣ ва терроризм мусоидат менамоянд.

Дар ин замина дастгирии рушди бахшҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ амри муҳим  ба назар мерасад.

Ҳамчунин, бояд ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалб намудани технологяҳои нав ба ин кишварҳо диққати махсус дода шавад.

Дар ин сурат имкониятҳои бештари ворид шудани онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо молҳои рақобатпазир фароҳам мегардад.

Дар ин амалия  нақши кишварҳои пешрафта, аз ҷумла шомили ҷаҳони ислом, ки   иқтидорҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ ва технологӣ доранд, метавонад муассир бошад.

Ба андешаи мо, мусоидат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ  дар роҳандозии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ василаи самарабахши аз байн бурдани заминаҳои  тундгароӣ ва таъмини  суботи фарогир маҳсуб меёбад.

Тайи солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати гузариш ба масири рушди устувор қадамҳои муҳим гузошта истодааст.

Ҳадафҳои наҷиби Рӯзномаи глобалӣ то соли 2030 уҳдадориҳои ҳамаи моро барои ояндаи неку арзанда дучанд афзун менамоянд.

Дар ин роҳи пурпечутоб ба сӯи ҳадафҳои ҷаҳонӣ мо бояд ба дастгирии якдигар ва шарикии глобалӣ такя намоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар хотимаи сухани худ мехостам аҳаммияти рӯзафзуни гуфтугӯи тамаддунҳоро бар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулгароӣ, шаффофият ва ягонагии сухану амал бори дигар  таъкид  намоям.

Аз ин нигоҳ, умед дорем, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯзаи мо таъсиргузор ва ҷавобгӯи ормонҳои сулҳу суботи ҷомеаи кишварҳои мо хоҳанд буд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Май 21, 2017 23:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд