Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 5 май гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватаниро (ҶБВ) аз ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат намуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд. Саидмурод Фаттоҳзода аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид.
Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба ҳар иштирокчии ҶБВ 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси ноҳияро супорид.
Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг зиндагӣ доранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






