Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 4 май гурӯҳи корӣ бо сарварии сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ як гурӯҳ иштирокчиёну маъюбони ин ҷангро аёдат намуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо шаш нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вохӯрд. Намояндагон аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супориданд.
Ҳамчунин сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба ҳар кадоми онҳо 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси шаҳри Хуҷандро супорид.
Бояд гуфт, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 11 ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ зиндагӣ доранд.
Аз ҷумла, 7 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ-и ноҳияи Мастчоҳро гурӯҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аёдат намуд. Шаш нафари дигар аз сабаби беморӣ дар хонаҳояшон аёдат карда шуданд. Зимни аёдат муовини раиси ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия гурӯҳи кориро ҳамроҳӣ намуданд.
Аз рӯи нақша имрӯз, 5 май иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ дар ноҳияи Ашт аёдат мешаванд.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






