Ташкили корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ҷалби зиёда аз 100 нафар занону бонувони ҷумҳурӣ вориди шаҳри Ваҳдат гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба корвони мазкур сардорони Раёсат ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, намояндагони Шӯрои занони сулҳовар ва шунавандагони курси «Мактаби духтарони сарвар» шомиланд.
Бояд зикр намуд, ки ҳайати корвон дар 5 ҷамоати шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти «Чӯянгарон», Б.Бурунов, «Гулистон» ва қисми низомии воқеъ дар шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, оид ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот дар кишвар ибрози ақида карданд.
Инчунин бахшида ба ин рӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки зиёда аз 400 нафар фаъолони шаҳр бо ҷалби васеи ҷавонон дар мавзӯи «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






