То соли 2020 аз Тоҷикистон як миллион сайёҳ боздид намуда, 10 ҳазор нафар мутахассиси бахши сайёҳӣ омода мегарданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон то соли 2020 як миллион нафар сайёҳ боздид намоянд ва барои рушди сайёҳӣ 10 ҳазор нафар мутахассис дар кишвар омода карда шаванд». Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода имрӯз дар Парлумони кишвар зимни муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ки вакилони Маҷлиси намояндагон онро баррасӣ ва қабул намуданд, баён дошт.
Зикр шуд, ки қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таҳия гаридааст. Ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аст. Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти сайёҳӣ, назири Амрико, Чин, Ҷопон, Ирландия мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки даромад аз бахши сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон баъд аз нафт ва маводи доруворӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, 30 %-и содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2015 дар миқёси ҷаҳон ташрифи сайёҳон 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид ва даромади умумии давлатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудудан 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» дар кишвар дар ҳолест, ки аъзои Хукумати мамлакат 26 май дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар асоси пешниҳодҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумон кишвар таъкид гардида буданд, соли равон ба кодексҳои андоз ва гумруки кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи он дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз озод карда шуданд.
Инчунин техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии барои иншооти сайёҳӣ воридшаванда низ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод гардиданд.













Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид






