Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид

Октябрь 13, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форум ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкории илмӣ ва муаррифии имконоти сайёҳии кишвар табдил меёбад.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сухан намуд. Иброз гардид, ки Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» платформаи илмию амалӣ, фарҳангию намоишӣ ва сайёҳӣ арзёбӣ гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро ба ҳам овард.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имконоти васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон ­­- яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.

Форум шаш рӯз идома карда, дар маҷмуъ, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Дар он 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аз 60 кишвари олам иштирок доранд.

Дар доираи Форуми байналмилалӣ инчунин баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия бо се забони корӣ — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад.

Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ қарор доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 13, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд