Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар Тошканд соҳиби медали биринҷӣ гардид

Май 6, 2017 13:42

ДУШАНБЕ, 06.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов 5 май дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё оид ба бокс дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд дар вазни то 91 кило аз варзишгари ҳиндустонӣ Сумит Сангван бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва барои ҷойи сеюм соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ҷаҳон Қурбонови 31-сола, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард. Вай 3 май дар Чемпионати Осиё оид ба бокс бар Маҳмуд Саноуллоҳи 24-сола аз Покистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар қувваозмоии нимфиналӣ аз варзишгари ҳиндустонӣ Сумит Сангвани 24-сола шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар- Ҷаҳон Қурбонов соҳиби медал шуд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 7 май ба поён мерасад. Рӯзҳои шанбеву якшанбе қувваозмоиҳои ниҳоӣ аз рӯи даҳ вазн баргузор мешаванд. Инчунин варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки аз 25 август то 4 сентябр дар шаҳри Ҳамбурги Олмон барпо мегардад, мубориза мебаранд.

Май 6, 2017 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд