Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ӯзбекистон соҳиби нуҳ медал гардиданд
Душанбе, 15.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Рӯзҳои 11-14-уми май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии барои Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни наврасону ҷавонон ба хотираи Устоди варзиш Учқун Муродов баргузор шуд. Дар мусобиқа варзишгарони тоҷик нуҳ медал (панҷ тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи наврасон Шодмон Ризоев дар вазни 50 кило ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни то 66 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар: Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тайван, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гӯштингир шомил буданд, ки онҳо дар сабқати писарон ширкат варзиданд.
Баъди натиҷагирии мусобиқа миёни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо нуҳ медали тилло, ҳафт нуқра ва шонздаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Тайван (3-2-3) соҳиби ҷои дуюм шуд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон дар шаҳри Чирчиқ варзишгарони тоҷик ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни 100 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кг) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кг) ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни 52 кило медали биринҷӣ гирифт.
Ҳамчунин боз се ҷавони тоҷик ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шуданд. Сомон Аламов (55 кг) ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (66 кг) ҷойҳои панҷум ва Нуроншо Бодомаев мақоми ҳафтумро касб намуданд.
Дар мусобиқа миёни ҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо нӯҳ медали тилло, даҳ нуқра ва сездаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи дуюм буда, дастаи Эрон бо ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ ҷои сеюмро соҳиб гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон дувоздаҳ медал (се тилло, чор нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварда буданд.








«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид






