Ветерани тоҷик «Шаҳрванди ифтихории Қирғизистон» гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳотамҷон Умаралиев ягона тоҷик миёни иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар сарзамини Қирғизистон мебошад, ки 72-юмин солгарди ҷашни Ғалабаро таҷлил менамояд.
Ба иттилои Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар арафаи Рӯзи Ғалаба ин ҳамватани мо бо унвони «Шаҳрванди ифтихории Қирғизистон» сарфароз гардонида шуд. Чунин унвон ахиран аз тарафи Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон таъсис дода шуда, бори нахуст 28 нафар собиқадорони ҶДҶ бо он мукофотонида шуданд.
Қодиршои Мурувват изҳор медорад, ки бинобар дастури Токон Мамитов, мушовири сарвазири Қирғизистон ва раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ба Ҳотамҷон Умаралиев шаҳодатномаи шумораи 5 ва нишони «Шаҳрванди ифтихорӣ» дода шуд. Дар айни замон ин ветерани тоҷик дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд зиндагӣ мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар намояндагони қавму миллатҳои сокини Қирғизистон ба ҷабҳаи ҶДҶ сафарбар шуда, аз худ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон доданд. Танҳо аз як деҳшӯрои тоҷикнишини Учқӯрғон беш аз 500 тан ҷавонон дар ин ҷанг ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи гузориши Шӯрои ветеранҳои ҷанг, дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир қариб 600 нафар иштирокчиёни ҶДҶ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд ва дар байни онҳо ҳамватанамон Ҳотамҷон Умаралиеви 94-сола низ қарор дорад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






