Вохӯрии мақсадноки кормандони милитсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилин гузаронида мешаванд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади мақсаднок гузаронида, бо шароити таҳсил ва ҳолати ба дарсҳо ҳозир шудани донишҷӯён аз наздик шинос шуданд.
Дар суҳбат бо маъмурияти ин донишгоҳ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» сухан гуфта, изҳор намуданд, ки ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тамоми ҷонибҳои масъулро вазифадор менамоянд, ки нисбат ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд.
Зикр шуд, ки донишгоҳ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Зимни суҳбат бо кормандони милитсия масъулини Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб зикр намуданд, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ боиси дастгирӣ буда, ба пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонанд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






