Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Япония дар Ашқобод
ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» 1 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Япония Фумио Кисида баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Японияро дар партави татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари Сарвазири Япония Шиндзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2015 ҳосил шуданд, баррасӣ карданд. С.Аслов и Ф.Кисида алоқамандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории амалии ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд. Дар замина бар аҳамияти нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, ки ҷаласаи нахустини он 14 апрели соли равон дар Токио баргузор шуд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо фаъолияти намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Японияро дар самти густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Япония баланд арзёбӣ карданд ва саҳми назарраси ин Агентиро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва тақвияти иқтидори иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва сармоягузории Тоҷикистон равона шудаанд, таъкид карданд.
С. Аслов ва Ф.Кисида бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи талошҳои муштарак дар ҳошияи Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» иқдомҳои минбаъдаро барои тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар давоми раёсати Тоҷикистон дар Муколамаи мазкур дар солҳои 2017-2018 таъйин намуданд.
Атрофи ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






