Ёде аз қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Май 8, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Фардо, 9 май ба  ғалабаи халқҳои ҷаҳон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 72 сол сипарӣ мегардад. Ин рӯз  дар таърих чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни   Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабт гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки  дар  саҳифаи таърихи башарият ин ҷанг ҳамчун  даҳшатноктарин ҷанг боқӣ мемонад. Зеро инсоният аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро бори аввал аз сар гузаронида буд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи  набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз  110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон  ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати  фашизм саҳми бузург  гузоштанд. Дар ин ҷанг дар паи ба харобазор табдил додани 1700 шаҳр  50 миллион нафар одамон қурбон гардиданд, ки ин дар таърих  талафоти бузургтарин аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми  шоиста гузоштааст.  Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор нафар  фарзандони далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуданд, ки беш аз 90 ҳазори  онҳо аз майдони ҷанг барнагаштаанд.  Фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик  дар  баробари намояндагони  халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар набарҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардонагию  қаҳрамонӣ нишон дода, беш аз 56 ҳазор нафари онҳо  ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф»  ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз  гардиданд.

Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо  фарзандони шуҷои миллати тоҷикро номбар метавон кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштанд.

Мардонагию корнамоии  родмардони Ватан, ки дар мубориза бар зидди фашизм қаҳрамонӣ нишон дода, баҳри озодию таъмини ҳаёти осоишта ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз ёди  инсоният наҳоҳад рафт. Ҳамасола дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  аввали моҳи май «Ҳафтаи поси хотир» эълон гардида, дар доираи он зимни баргузории нишасту конфронсҳо аз корнамоию далерии қаҳрамонҳо ва  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки бар зидди  фашизм мубориза бурдаанд,  ба некӣ ёд карда мешавад.

Инчунин 9 май дар  Боғи Ғалабаи пойтахт  бо иштироки ҷузъу томҳои  сохторҳои қудратии кишвар гузашти низомӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки   дар ин рӯз  3000 нафар ҷавонон, ки барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ даъват шудааанд,  баъд аз қасамёдкунӣ барои пос доштани хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гул гузошта, садоқати худро ба родмардони далеру шуҷои Ватан  баён мекунанд.

 

 

Май 8, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Маркази миллии тестӣ ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Алоқаи боэътимод — дар ҳар гуна боду ҳаво