2 июн-Рӯзи ғизои солим: ғизои солим саломатии инсонро бардавом ва умри ӯро дарозтар мегардонад
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон 2 июн ҳамчун Рӯзи ғизои солим ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии ин рӯз таваҷҷуҳ намудан ба тарзи ҳаёти солим мебошад, зеро тавре мегӯянд, табиби ҳар шахс худи ӯст. Аз ин рӯ ҳар як нафар бояд ба хӯроки истеъмолмекардаи худ аҳамият диҳад, чунки ғизои солим метавонад саломатии инсонро бардавом ва умри ӯро дарозтар гардонад.
Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, сабаби 80 фоизи бемориҳо- ин истеъмоли нодурусти ғизо мебошад.
Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ оид ба тарзи дуруст истифода бурдани ғизо ҳамсуҳбат гардид.
Ба гуфти М. Тоҳирӣ тарзи дуруст истифода бурдани ғизоро бояд аз овони хурдсолӣ оғоз кард. Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар як шахс муфид хоҳад буд. Бояд гуфт, ки дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд.
Инчунин табиб зикр намуд, ки «вақтҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар назди мактабҳо дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» кушода шудаанд. Бояд гуфт, ки дар онҳо бештар хӯрокҳои бирёну серравған фурӯхта мешаванд, ки ба саломатии инсон зарар доранд. Аз ин намуд хӯрокҳо бештар кӯдакон истеъмол мекунанд. Барои пешгирии ин ҳолат бояд дар мактабҳои таҳсилотӣ дарсҳои фаҳмондадиҳӣ ва солимгардонӣ гузаронида шаванд».
Оид ба дараҷаи сифатнокии маҳсулот ва чӣ гуна истифода бурдани он сармутахассиси Маркази ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» Бибисоро Ризоева зикр намуд, ки ҳангоми харидорӣ ва истеъмол намудани маҳсулот, истеъмолкунанда бояд ба сифат, бехатарӣ ва санаи барориши он аҳамият диҳад.
«Солҳои охир дар бозорҳои дохилии мамлакат меваҳои аз хориҷ воридшуда зиёд ба назар мерасанд. Ҳарчанд шаклу намуди онҳо ба чашм зебо намояд ҳам, вале тибқи санҷишҳое, ки дар озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронида шуданд, маълум гардид, ки ҳангоми парвариши онҳо аз химикатҳои зараровар аз меъер зиёд истифода бурда мешавад, то намуди зоҳирии меваҳо хуб ва муҳлати нигоҳ доштани муҳлати онҳо дар анборҳо афзун гардад. Меваҳои мо нисбат ба меваҳои аз хориҷ воридшуда аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ хубтар мебошанд, зеро Тоҷикистон мамлакати офтобӣ буда, дар айёми пухтани мева нури офтоб ба меваҳо зиёдтар мерасад ва онҳо шаҳди бештар мегиранд»,- гуфт Б. Ризоева.
Номбурда иброз дошт, ки ҳар як инсон ба харидории маҳсулоти бехатар барои ҳаёт ва саломатии худ ҳуқуқ дорад. Бозору мағозаҳои мо пур аз меваю сабзавоти ватанӣ мебошанд. Ҳамзамон аз онҳо шарбату афшураҳо ва мураббою консерваҳо омода мегарданд, ки барои солимии инсон манфиатбахшанд.
«Ман ҳамчун як мутахассис ба шаҳрвандон тавсия медиҳам, ки хуб мешуд мардуми мо аз маҳсулоти ватаниамон, ки таркиби онҳо аз витаминҳо бой мебошад, бештар истифода баранд, зеро меваю сабзавоти дар Тоҷикистон сабзида аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, истеъмоли он ба саломатии инсон фоида дорад», — зикр намуд Бибисоро Ризоева.
Ибодат ДАВЛАТОВА








САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд






