Амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» оғоз гардид

Июнь 1, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо, аз 31 май то 10 июни соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо»-ро  доир мекунад.

Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ хабар доданд, хадаф аз гузаронидани ин амалиёт- пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

Масъулин бо эълони ин амалиёт аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагон хоҳиш кардаанд, то ба кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро дар кӯчаву роҳҳои мошингард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.

Июнь 1, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад