Арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ
ДУШАНБЕ,15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ — арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» — таҳти чунин унвон дирӯз бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, муовини аввали Вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев доир ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, бахусус Ваҳдати миллӣ изҳори ақида намуд. Мавсуф аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу Ваҳдат ва посдориву нигоҳ доштани он ёдовар шуда, ваҳдати миллии тоҷиконро ҳодисаи бемисли таърихӣ номид.
Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Раҷабалӣ Сангов аз нақши Ваҳдати миллӣ дар устувории Истиқлолияти давлат андешаронӣ кард. Вай афзуд, ки ваҳдат ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷодаи имрӯзу фардои кишварро мунаввар карданд. Пас аз шаш марҳалаи ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист ба сӯйи ободкориҳо ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ноил гардад.
Маърӯзаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода ба масъалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар шароити гуногунандешӣ иртибот дошт. Мавсуф таъкид кард, ки дар замони ба ҳам омадани ақидаҳо ва рушди фарҳангҳо бояд андешаи миллӣ, ки ҳадафаш созандагист, мавқеи намоён дошта бошад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик, Ваҳдати миллӣ – бозёфти арзишмандтарин дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик ва нақши музокирот дар таҳкими Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






