Аввалин қатораи мусофирбари Душанбе — Остона ба пойтахти Қазоқистон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн аввалин қатораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе — Остона ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Соҳибназаров хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 15 июн аввалин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ҳаракат карда, шоми 19 июн вориди пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гардид. Ин хатсайр ҳафтае як маротиба танҳо се моҳ аз 10 июн то 10 сентябри соли равон (зимни баргузории намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017») амал карда, давомнокии он чор шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз КВД «Мусофиркаш» хабар доданд, қаблан байни ду кишвар алоқаи мустақими роҳи оҳан вуҷуд надошт. Қарор дар бораи ифтитоҳи он байни операторони Роҳи оҳани Қазоқистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расид.
«Қатора рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзҳои душанбе аз Остона бармегардад. Арзиши чипта аз як самт аз вақти харидории он вобаста аст. Агар мусофир чиптаро як моҳ қабл аз ҳаракат харидорӣ намояд, он гоҳ арзиши он 927 сомониро ташкил медиҳад. Агар чипта 20 ё 10 рӯз қабл аз ҳаракат харидорӣ гардад, арзиши он каме гаронтар мешавад», — шарҳ дод манбаъ.
«Қатораи хатсайри Душанбе – Остона тибқи мувофиқаҳои бадастомада ҳамагӣ 3 моҳ рафтуомад мекунад. Дар бораи хатсайри мунтазам байни ду пойтахт ҳарф задан ҳоло барвақт аст, зеро ин аз ҳаракати мусофирон вобаста мебошад, то чӣ андоза шаҳрвандон талабгори ин хатсайранд», — хулосабарорӣ кард манбаъ.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






