Аз ин ба баъд дар милитсия афроди дорои душаҳрвандӣ кор карда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 7 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки шаҳрвандии кишвари хориҷиро доранд ё соҳиби душаҳрвандиянд, ҳуқуқ надоранд дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар Парлумон тавзеҳ дод, гуфт, ки дар сурати ошкор шудани душаҳрвандии нафароне, ки дар мақомоти корҳои дохилии кишвар фаъолият мекунанд, онҳо аз кор барканор мегарданд.
Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мафҳуми «ҷиноӣ» ба «ҷиноятӣ» ва «кушода» ба «оғоз» иваз карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






