Ба истиқболи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Июнь 27, 2017 07:45

 

 

“Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти аосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

 

Суруди ваҳдат

Ваҳдат, туӣ фурӯғи хирад дар мадори мо!

Файзу футӯҳу нури Худо дар диёри мо!

 

Ин милати хуҷаста аз ин чашмасори пок

Пайки сафо барад ба ҷаҳон аз канори мо!

 

Ваҳдат- биҳишти меҳру гулистони орзу,

Дар чор фасли сол туӣ навбаҳори мо!

 

Ваҳдат туӣ, ки сар ба фалакҳо кашидааст

Чун қуллаҳои меҳани мо эътибори мо!

 

Баъд аз ҳазор сол расидӣ, хуш омадӣ,

Ваҳдат, умеди равшани деринтизори мо!

 

Эй ваҳдати вуҷуди ман, эй ваҳдати сууд,

Бодо ба ҳифзи нанги ту ҷони нисори мо!

 

Ҷон дар кафем баҳри дифоъи ту як ба як

Бо Сарвари хуҷаставу ваҳдатшиори мо!

 

Эй офтоби ваҳдати мо — рӯйи гарми ту,

Бахти баланду нусрату зӯру виқори мо!

 

Эй Савари хуҷастақадам, эй сиришти нек!

Эй қалъаи  амонии мо, эй ҳисори мо!

 

Тулӯъи бахти мо-Ваҳдат

 

Армони пиру барност армони меҳани ман,

Ҷони Ватан ҳувайдост дар ҷону дар тани ман.

 

Худ Пешвои миллат  моро  тулӯъи бахт аст,

Ҳар ҷо ҳузури некаш будаст ҷавшани ман.

 

Доротаре зи ман нест дар рӯи даҳр, зеро,

Ин сангу кӯҳ яксар ҳастанд махзани  ман.

 

Ин хокҳо ҳама зар, ин сангҳо ҳама сим,

Ақлу заковати халқ  чун ганҷ дар мани ман.

 

Аз он бузургворон ҷону дилам сириштаст,

Яъне замини фазл аст маъвову маъмани ман.

 

Донӣ, ки сахтҷонӣ аз  чист дар бисотам.

Фазлу футуввати халқ будаст ҷавшани ман.

 

Эй халқи некоин — оинаи накӯӣ,

Аз акси рӯшани туст фардои рӯшани ман!

 

Эй  Ваҳдати дурахшон, эй офтоби тобон,

Эй кишвари биҳиштӣ, эй боғу гулшани ман!

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст

Дасту пои ӯ, қаду болои ӯст.

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин тамкини ӯст,

Сабри беҳад, тоқати сангини ӯст.

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин эҳсони ӯст,

Ҳиммати ӯ, нанги ӯ, виҷдони ӯст.

 

Ваҳдати мо акси бебокии ӯст,

Хайри ӯ, некии ӯ, покии ӯст.

 

Ҳиммате, ки душманонро дӯст кард,

Миллатеро дар тане ҳампӯст кард.

 

Ваҳдати миллӣ фурӯғ андар тан аст,

Пеши дарёро ба сина бастан аст.

 

Кӯҳро  кандан ба нохунҳо, ба чанг,

Рашанӣ берун баровардан зи санг,

 

Рехтан аз ҷисми худ, аз ҷони худ,

Хиштҳои қалъаи имони худ.

 

Кардан аз хоки тан эҳёи Ватан,

В-аз фари худ фарру фардои Ватан.

 

Ваҳдати миллист, агар ишқи Ватан

Мефурӯзонад туро дар ҷону тан.

 

Он гаҳе, к-аз остон то осмон

Шӯълавар гардад вуҷуди тоҷикон.

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,

Ваҳдати миллӣ  худи ӯ, номи ӯст.

 

Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,

Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.

Рамзи Вахдати милли

Ваҳдат он гаҳ абадан мемонад

Посух ба саволи “Чӣ бояд кард, ки Ваҳдати миллиамон абадан бошад?”

 

Ваҳдат  осоишу  эҳё бошад,

Асли мавҷудияти мо бошад.

 

Зиндагӣ — рӯди хатарзо, Ваҳдат

Соҳили маҳками дарё бошад.

 

Ваҳдат он вақт ба мақсад бирасад,

Киан-и миллатамон мо бошад.

 

Ки ҳама қавму маҳал чун рагу пай

Дар тане бошаду якто бошад.

 

Деҳаи шафқату ноҳияи ишқ

Ватани мо ба ҳар ақсо бошад..

 

Ҳама ҷо оилаҳо ойинадор,

Хайру эҳсону сафоро бошад.

 

Хонаи хубиву оилаи хайр

Хонаву оилаи мо бошад.

 

Мазҳаби ишқи Ватан мазҳаби мо,

Дини мо некии дунё бошад.

 

Ваҳдат он гаҳ абадӣ бар сари мост,

Ки чу Додор мубарро бошад.

 

Ҳама миллат, ҳама меҳан як ҷисм,

Дар вуҷуди ту чу аъзо бошад.

 

Ваҳдат он гаҳ, ки ҳадафҳои халқ

Аз ҳадафҳои ту боло бошад.

 

Ваҳдати хок бубин, ин ваҳдат

Боиси сабзиши гулҳо бошад.

 

Ваҳдати арш бубин, з-ин ваҳдат

Дар фалак суру Сурайё бошад.

 

Қасри Ваҳдат ба муҳаббат барпост,

Амни миллат ба муросо бошад.

 

Қалъаи амнияти як халқ аст,

Ваҳдат аз адл чу барпо бошад.

 

Ваҳдат ишқ аст, ба ҳам будани мост,

Мард бо ишқ тавоно бошад.

 

Ман ту бошам, ту ман, армони ватан,

Сарвару раҳбалади мо бошад.

 

Чакомаи  Ваҳдати  миллӣ

 

Инак аз худ вораҳида,

Чун тулӯъи субҳи нав аз худ дамида,

Бо ҳама тандес боло мешавам,

Аз  сиришти сарнавишти  худ

ҳувайдо мешавам!

Мебарорам пайкарамро,

Бо дурахши эътимодам

Аз ниҳодам!

 

Инак аз тан вораҳида,

Ман ҳама ово шудам,ово шудам,

Чун садо аз пардаҳои ҷони худ пайдо шудам:

 

Ваҳдати миллӣ!

Дастоварди беҳини миллати бедор

Дар ҳама таърихи будан,

Дар ҳама даврони худро

Аз даҳони бози деви даҳшати дунё рабудан!

Аз ҳама пайҳои нопайдо

зи нав пайдо намудан.

 

Ҳеҷ истиқлолу озодӣ нарӯяд чун дарахти борвар

Бе замини Ваҳдати миллӣ

Дар ҳавои лоф, дар хоки газоф!

Дар сарафрозии бе поя

Дар ягон Қоф!

 

Эй дурахши бахти тоҷик

Дар  самои тираи ҳастӣ,

Дар баҳои қисмати сангин,

Дар баҳои рӯзгори сахти тоҷик!

Эй булӯрин ҳолаи хушбахтии мо,

Ваҳдату ҳамрахтии мо!

 

Бе ту моро пояи поянда нест!

Бе ту моро ояи оянда нест!

 

Ваҳдати миллӣ!

Ҳастии мо дар кафи мушти ту танҳо бегазанд аст!

Ҳастии мо  бо ту зебо, бо ту ширин, бо ту қанд аст!

Арҷи  мо бо ту баланд аст!

Бо ту танҳо, бо ту танҳо, бо ту танҳо

Зиндагонӣ арҷманд аст!

 

Бе ту фардо нест!

Ҳам агар бошад, дар он нуре ҳувайдо нест!

Рӯди моро бе ту маҷро нест!

Дониши мо бе ту доно нест!

Бе ту моро дар замину дар само,

дар ду ҷаҳон ҷо нест!

Зиндагиро бе ту маъно нест!

 

Ваҳдати миллӣ!

Ҷавшани мо бош!

Махзани мо бош!

Офтоби   равшани мо бош!

 

Дар дарахти ҳастии ин миллати некӯманиш

Дар баҳои заҳмати садасраи ӯ чун самар бош!

Дар ҷаҳони ҷангҳои одамихор

Дар тани мо чун сипар бош!

 

Эй умеди охирин дар остони ноумедӣ!

Эй тулӯи озарин дар осмони ноумедӣ!

 

Нестӣ бо мо агар ҳоло,

ба фардо нестӣ!

Ори мо ҳеҷ аст, агар онро ту оро нестӣ!

 

Ваҳдати миллӣ, фурӯзон шав,

Чун  чароғ андар даруни мо!

Шӯъла зан дар ҷони мо, дар мағзи хуни мо!

Бе ту нуре нест дар бахти нагуни мо!

 

Охирин дасти раҳобахши фазилат

Бар сари мо

дар канори вартаҳои нестӣ!

Эй хушо, дасти наҷоти мо,

Аз варои нестӣ!

 

Дар тани хуншори мо,

Дар торами ҳар тори мо

мисли  наво ҳастӣ!

Чунки дар чашмони мо мисли зиё ҳастӣ!

Чунки дар дастони мо мисли дуо ҳастӣ!

 

Дар ҳама ойини мо ойина ҷавлон мезанад!

Миллати ойинаҳо моем,

Миллати хайру сахо моем,

Миллати беиддао моем!

Миллати лутфи Худо моем!

 

Дар ҳама ойини мо ойина акси офтоб аст!

Дар ҳама ойини мо ойина акси родмардӣ,

Акси ишқ аст, акси одоб аст!

Меравад бо рӯдбори дастҳои мо

Он сахо, он ҳиммате, ки рӯди шодоб аст!

 

Миллати шеъру суруду дарду  созу сӯз моем,

Миллати Наврӯз моем!

Миллати некӣ,

Миллати халқи сафоафрӯз моем!

Миллате, ки аз замони Зардуҳишт

Дар ниҳодаш нур дорад,

Нури ақлу нури идрок,

Нури ҷони пок,

нури сур дорад!

 

Миллате, ки ҳифз медорад варо

як умр тӯмори сухан,

Зинда гар бигзаштааст аз тирароҳи асрҳо,

Раҳнамояш  буда анвори сухан…

 

Ваҳдати миллӣ!

Сарнавишту ҷавшани мо бош!

Балки худ ҷилди тани мо бош!

 

Эй қавитар аз ҳама фӯлод,

Бош бо мо, бош дар бунёд!

 

Путку сандоне туро кай бишканад?

Теғу дандоне туро кай бишканад?

 

Инак, ин ман!

Вораҳида аз худ, аз таърих!

 

Дар ҷаҳоне, ки замину коинот аз ваҳдат аст,

Миллате кай метавонад зист бе ваҳдат!?

Ҳеҷ  қонуну низоме нест бе ваҳдат!

Зиндагӣ худ ваҳдати хок асту обу оташу бод,

Ваҳдати ин чор ёр аст умрбод!

 

Ту  шараф, ту нангу номус, балки имонӣ!

Қалъаи амнияти мо дар ҷаҳонӣ!

Дар вуҷуди мо ту виҷдонӣ!

 

Дар сиришти мо музайян бош!

Дар вуҷуди мо мутантан бош!

Дар ниҳоди мо таҳамтан бош!

Ваҳдати миллӣ!

Маро ҷон шав,

маро тан бош!

Эй Худо, ман бош, ман бош!

Эй Худо, ман бош, бо ман бош!!!

Июнь 27, 2017 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон