Ба Вазорати корҳои дохилӣ таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳои оташнишон тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳои оташнишон аз ҷониби ташкилоти «Fire Aid»-и Британияи Кабир баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани таҷҳизот Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпотт ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, намояндагони ин ташкилоти бонуфуз дар давоми ду ҳафта бо кормандони Хадамоти давлатии оташнишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг гузарониданд. Имрӯз ин кормандон малакаи аз бар намудаи худро бо маҳорати баланди касбӣ ба иштирокдорон нишон доданд.













«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






