Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер
ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари реҳлати собиқ Канслери Германия Хелмут Кол боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Ҳелмут Кол, ба ҳайси шахсияти бузурги давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар раванди муттаҳид гардонидани Германия ва таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад, дар таърихи муосир ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.
Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл, қатъ гардонидани давраи “ҷанги сард” боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми Германия таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






