Баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2017» дар Хуҷанд

Июнь 7, 2017 16:43

ХУҶАНД, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар» /. 16 ва 17 июни соли 2017 дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи чоруми байналмилалии савдо «Суғд — 2017» доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Палатаи савдо ва саноати вилоят иттилоъ доданд, ярмаркаи мазкур дар доираи қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 январи соли 2017 рӯи кор омада, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба маъраз гузоштани меваю сабзавоти тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ярмарка, ки иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Япония, Ҳиндустон, Малайзия, Полша ва Сербия дар назар аст, ҳамчунин баргузории Форуми тиҷоратию сармоягзорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин»дар назар дошта шудааст.

 

Июнь 7, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд