Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2017 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”) ташриф оварданд.
Дар ин ҷо меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиббӣ, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.
Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ-илмӣ, иктишофӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғул мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузоштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






