Дар Ашқобод мубориза бар зидди терроризму экстремизм муҳимтарин проблемаи ҷаҳону минтақа арзёбӣ гардид

Июнь 15, 2017 10:06

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар вохӯрии сатҳи баланд зери унвони «Муколамаи СММ – Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, зарурати тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризми байналмилалӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Ғайр аз ин, аз татбиқи Нақшаи амали муштарак, ки соли 2011 бо мақсади роҳандозии Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ қабул гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз натиҷаи вохӯрии сатҳи баланд Изҳороти Ашқобод қабул гардида, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳимтарин проблемаи ҷаҳону минтақа арзёбӣ гардид.

 

Июнь 15, 2017 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид