Дар Ашт бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зист мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Темурҷон Нуъмонзода ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, зимни мавриди ба истифода додани бинои Бахши ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода иброз дошт, ки «бинои мазкур барои дар фазои хуб фаъолият бурдани кормандони ин ниҳод шароити мусоид фароҳам меорад, зеро Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз бахшҳои беҳтарин маҳсуб меёбад».
Ба зикри манбаъ, бинои хуштарҳу замонавии Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо харҷи 460 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 100м2 бунёд гардидааст. Бино дорои маҷлисгоҳ ва 6 ҳуҷраи корӣ мебошад. Лоиҳаи бино аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маблағгузорӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






