Дар Бонки миллӣ гардиши пули нақд ва тарзи дурусти пешниҳоди он баррасӣ гардид

Июнь 21, 2017 12:33

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Кормандони масъули  Бонки миллии Тоҷикистон бо мутахассисони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир намуданд, ки дар он гардиши пули нақд ва тарзи дурусти пешниҳоди он, лоиҳаи Дастурамали №173 «Оид ба ташкили корҳои хазинавӣ дар БМТ, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола  Салимова оид ба гардиши пули нақд ва назорати қатъии риояи талаботи он дар ташкилоти қарзӣ ҷиҳати устувории сиёсати пулию қарзӣ ибрози назар намуд.

Инчунин иштирокдорон гардиши ҳаҷми пули миллӣ оид ба сатҳи таъминнокии иқтисодиёти кишвар бо пули нақд ва масъалаҳои марбут ба гардиши пули нақдро муҳокима намуданд.

Ба масъалаи тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки рушди иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ талаб менамояд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Зикр шуд, ки дар ин самт на танҳо Бонки миллии Тоҷикистон, балки ташкилоти қарзиро низ зарур аст, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, бо мақсади рушди низоми пардохт дар таҳия ва таъмини заминаи ҳуқуқии навовариҳо саҳмгузор бошанд.

Июнь 21, 2017 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад