Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон барномаи идонаи «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» баргузор гардид

Июнь 1, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи   нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон   дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» баргузор гардид.

Барномаи идона бо баргузории озмунҳои гуногун, аз қабили расмкашӣ дар рӯи асфалт, шоҳмотбозӣ, намоиши китобҳои бачагона ва пешниҳоди маҳсули дасти хонандагони ихтироъкору навовари пойтахт оғоз гардид.

Дар қисмати фароғатии  барномаи идона муовини Раиси шаҳр  Мавсума Муинӣ  паёми табрикии Раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони  ҷамъомад  расонид.

М. Муинӣ зикр намуд, ки  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.

Бо ин мақсад  соли  равон   дар назди биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои пойтахт бунёди 78 майдончаи варзишию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ин майдончаҳо баҳри ба варзиш фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва таъмини истироҳати бофароғати онҳо шароит фароҳам меоранд.

Дар пойтахт ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои   таълиму тарбия бунёди чандин муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабии мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ  дар назар дошта шудааст.

Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки  бо истифода аз  чунин шароит хонандагони шаҳри Душанбе бо донишу малака ва истеъдоди баланд  барои дигарон намунаи ибрат  буда,  бо дастовардҳои худ шарафу эътибори пойтахтро баланд мебардоранд.

Сипас ҳаваскорони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»  бо барномаи  ҷолибу  рангин ба барномаи идона шукӯҳи тоза бахшиданд.

Аз ҷумла,  суруду таронаҳои «Зебо Ватане дорем», «Сарзамини ман», «Душанбе», «Тоҷикистон», «Ватан», «Парчам», рақсҳои «Гулдухтарони тоҷик», «Кӯлобӣ», «Ханда», навозишҳои «Шодиёна»-и гурӯҳи таълимии «Асбобҳои зарбӣ», навозиш бо кларнету доира, балети «Хушдомани зирак»  писанди   иштирокдорони ҳамоиш гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, давоми рӯз  таҷлили  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт идома меёбад.

Бегоҳи имрӯз, соати 18-00  дар Мактаб- интернати №1-и шаҳри Душанбе барномаи идона баргузор мегардад, ки ба хонандагони мактаби мазкур  аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳо тақдим мегарданд.

Рухсораи НУР

DSC_0001

 

Июнь 1, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад