Дар Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» баргузор мегардад

Июнь 16, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 16.06.2017. /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» доир мегардад.

Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, сохторҳои марбута  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани роҳпаймоӣ вазифадор гардиданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ин роҳпаймоӣ бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат ва рушди фарҳанги миллӣ, ҳамзамон густариш бахшидан ба арзишҳои миллӣ, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ  баргузор намудани Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо, ҷавонон бо Пешвои худ ифтихор дорем!» дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки роҳпаймоии автомобилии  ҷавонон «Роҳи Ваҳдат»  соли панҷум аст, ки  дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Соли гузашта  иштирокчиёни роҳпаймоӣ  ба ВМКБ   сафар намуда, дар зарфи  4 рӯз  аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дидан намуда, бо  табиати зебои ин мавзеъ ва урфу оддати сокинонаш ошно гардиданд.

Автопробег2

Автопробег-4 Автопробег-6

 

 

 

 

Июнь 16, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд