Дар Маркази исломии Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон намози иди Фитр баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури сокинони Душанбе ва меҳмонони пойтахт намози иди Рамазон баргузор гардид. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати анҷом ёфтани моҳи рӯзадорӣ ва фаро расидани иди Рамазон табрик намуда, баҳри иҷро кардани ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳангоми оростани дастархони идона даъват намуд. Мавриди зикр аст Пешвои миллат супориш дода буданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастархони серхарҷ хони маънавӣ ороянд».
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъомадагонро бо иди Рамазон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар Паёми табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр омадааст: «Бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, хушҳоливу хушбахтӣ, рӯзгори осудаву пурсаодат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям».
Ҳамин тавр, имрӯз дар ҳама масҷидҳои мамлакат намози иди Рамазон баргузор гардид ва сокинон иди саиди Фитрро таҷлил карданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






