Дар Суғд аз оғози сол 117 ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид

Июнь 8, 2017 15:44

ХУҶАНД, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат  дар самти бо  ҷои кори доимӣ  таъмин намудан, ҷалби бекорон ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ  ба Ватан баргашта ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ  дар давоми панҷ моҳи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 117 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят иттилоъ доданд, дар ҳар як ярмарка қариб 20 муассиса ва дар маҷмӯъ аз ҷониби 1640 коргоҳу ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои шаҳрвандони корҷӯй аз рӯи ихтисосҳои гуногун ҷойҳои холиву вазифаҳои озод ва музди маоши аз 500 то 2000 сомонӣ пешниҳод карда шуд. Тавассути гузаронидани чунин ярмаркаҳо 2252 нафар ба шуғл ҷалб гардида, аз он 676 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. 1277 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар карда шуда, 305 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.

Ҳамзамон аз шумораи умумии бо кор таъминшудагон 45 фоизашро занону духтарон ташкил дода, инчунин беш аз 400 нафар корҷӯёну эҳтиёҷмандон бо маблағҳои имтиёзнок таъмин карда шудаанд.

Соли равон тибқи нақшаи Агентии мазкур баргузории зиёда аз 250 ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар баргузории ярмаркаҳо марказҳои таълимии калонсолони низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо  иштироки фаъол доранд.

 

 

Июнь 8, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад