Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои роҳхат ба Чемпионати Осиё-2018 мубориза мебарад

Июнь 9, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 9.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл  қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё -2018 оид ба футзал дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия  баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Бояд зикр кард, ки дар  маросими қуръакашӣ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рақибони худро  пайдо хоҳад кард. Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 аз 13 то 22 октябри соли равон баргузор мешаванд. Дирӯз Конфедератсияи футболи Осиё тартиби баргузории маросими қуръакаширо муайян намуд. Имсол маросими мазкур ба таври дигар сурат мегирад.

Тибқи муқаррароти низомнома дастаҳои мунтахаби футзал вобаста ба минтақаҳои худ тақсим  карда мешаванд. Минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Осиё дар як сабад ҷой дода мешаванд, зеро Непал ягона дастае хоҳад буд, ки қисмати ҷанубии қораро намояндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон -2018 оид ба футзал 30  дастаи миллӣ барои дарёфти мақоми ифтихорӣ талош ба харҷ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои  мунтахаби футзали кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Непал, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои чор роҳхат дар ин бозиҳои интихобӣ мубориза мебаранд.

 

 

Июнь 9, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд