Эмомалӣ Раҳмон: «Иқдомҳои дастҷамъонаро дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем»

Июнь 12, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/.  «Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти  гуногуни сайёра  миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд»-, зикр карданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки имрӯз  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳамчунин иброз доштанд, ки «Мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем. Дар ин росто, ба ақидаи мо, Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад».

Сарвари давлат  таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон  ҳамчун аъзои фаъоли он аз ҷониби худ омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла  ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории созанда ва мутақобилан судмандро минбаъд низ густариш диҳад».

 

Июнь 12, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад