Эмомалӣ Раҳмон: «Иқдомҳои дастҷамъонаро дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем»
ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. «Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд»-, зикр карданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштанд, ки «Мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем. Дар ин росто, ба ақидаи мо, Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли он аз ҷониби худ омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории созанда ва мутақобилан судмандро минбаъд низ густариш диҳад».








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






