Фурӯши шир дар ҳудуди пойтахт минбаъд тариқи нақлиёт ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ширӣ ва бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ ва экологӣ минбаъд дар ҳудуди пойтахт фурӯши шир тариқи нақлиёти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат» ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора имрӯз Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи қарори мазкур ҶДММ «Агросаноат» вазифадор гардидааст, ки ҳар рӯз аз соати 05:00 то 09:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 сокинони пойтахтро бо шир таъмин намуда, рӯйхати мавзеъҳои барои фурӯши шир дар ҳудуди шаҳри Душанбе интихобшударо бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






