Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон аз ҳоли пиронсолон хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 20 – умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Фитр кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон ва соҳибкорони соҳа ба хонаҳои пиронсолон кумакҳои якдафъаина расониданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ дар ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ноҳияи Вахш ба хонаҳои пиронсолон маводи ғизоӣ ва гигиенӣ дастрас намуданд.
Ҳамчунин кормандони Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон ба Ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа ва Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии буду боши маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар кумаки молӣ расониданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






