Хуҷанд: «Парвоз» кӯдаконро ба оғӯш гирифт
ХУҶАНД, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз истироҳатгоҳҳои овозадори бачагонаи вилояти Суғд- «Парвоз» низ ба фаъолият оғоз намуд. «Парвоз» дар басти якум 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳат фаро гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар расми кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои «Қотма»- и ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст, намояндагон аз мақомот ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ширкат дошта, он аз қабули муждаи сардорони дастаҳо ва хониши Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи рангину хотирмон намоиш дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз шумораи умумии истироҳаткунандагон беш аз 30 нафарашонро наврасони ятим ташкил дода, дар ду баст 300 нафар толибилмон ҷалб мегарданд.
Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода истироҳат дар ду баст барои наврасон ройгон буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар се басти истироҳатгоҳ беш аз 450 нафар хонандагон фаро гирифта хоҳанд шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






