Ихтирои бонуи тоҷик дар Форуми ҷаҳонии занҳои ихтироъкор соҳиби медали тилло гардид!
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои идонаи ҷумҳурӣ боз як рӯйдоди фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст.
Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 –умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 8 то 13 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 6 ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод, намуд, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо чор медал — 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, Тоҷиниссо Зубайдова, номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи фармакологияи эксперименталӣ, фармакотерапияи клиникӣ ва биотехнологияи доруии Муассисаи давлатии «Маркази фармасевтии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот дар соҳаи биотехнология ва дорусозӣ «Маводи Ферубет, ки таъсири глюкозапасткунанда дорад» ва «Чойи оромкунандаи «Денисенко» соҳиби медали тилло, Робия Раҳимова, ассистенти кафедраи «Кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино барои ихтироъ дар соҳаи кимиё ва дорусозӣ «Албтсинкати дорои фаъолияти зиддигиҷҷавӣ» соҳиби медали нуқра, Саврибегим Ёрмамадова, дотсенти кафедраи «Кимиёи татбиқӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё «Дибатсинкати дорои фаъолияти зиддизанбуруғӣ» соҳиби медали биринҷӣ ва Гуландом Каримзода, ассисенти кафедраи «Бемориҳои ҷарроҳии №2»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино барои ихтироот дар соҳаи тиб «Тарзи барқарорсозии тендонҳо ҳангоми оқибатҳои осеббинии тори асаби улнар» ва «Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии дараҷаи вазнини контрактураи Фолкман» соҳиби медали нуқра ва сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Ин соли шашум аст, ки ихтирооти бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, қадрдонӣ мешаванд.
Дар намоишгоҳ ва Форуми мазкур аз 30 давлати ҷаҳон 500 нафар бонувон-ихтироъкорон маҳсули фаъолиятҳои зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






